Ба ҳар нафаре,ки барои харидории маводи сӯхт ба маркази таъминоти сӯзишвории Ширкати «Суғднефт» меояд, имкон шароити истифодаи якчанд имкониятҳои иловагиро пайдо менамояд.
Яке аз чунин имконият истифода аз нуқтаи хизматрасонии техникии нақлиётӣ аст.
Устоҳои таъмири нақлиёт ба ронандагон барои ивази равғани муҳаррик, филтр ва оби радиатори он кӯмак расонда, қисмҳои эҳтиётии нақлиёти тамғаҳои гуногунро
сари вақт барқарору навсозӣ менамоянд.
Азбаски бештари ронандагон барои таъмиру барқарор намудани қисмати ҳаракати нақлиёт эҳтиёҷ доранд, дар нуқтаи хизматрасонии техникии нақлиётии «Суғднефт» таҷҳизоту воситаҳои таъмири муосир мавҷуд аст. Чунин шароит имкон медиҳад,ки дар фурсатҳои кӯтоҳтарин ронандагон нақлиёти худро таъмири хушсифат намуда сафари худро идома диҳанд. Аз гӯшаи фурӯши равғанҳои молиданӣ бошад номгӯйи зиёди ин намуди маҳсулотро аз истеҳсолкунандагони машҳури ҷаҳонӣ бо нархи дастрас харидорӣ намудан мумкин аст.
Лозим ба ёдоварист,ки ҳамчунин дар маркази таъминоти сӯзишвории Ширкати «Суғднефт» мағоза бо реҷаи кории шабонарӯзӣ амал мекунад,ки бештар аз 50 номгӯй маҳсулот аз қабили нӯшокиҳои ташнашикан, қанду шириниҳо.яхмосу сигор ва маводи атриёти мардонаро пешкаш менамояд.