Скачать мобильное приложение СугдНефть
Загрузить с Google Play
Загрузить
Перейти на мобильную версию
Скачать мобильное приложение СугдНефть
Загрузить с AppStore
Загрузить
Перейти на мобильную версию
-->

Давоми бештар аз даҳ соли фаъолияти  худ  Ширкати «Суғднефт» соҳиби  боварии чандин  муштариён  гардида, барои фаъолияти пурмаҳсули онҳо чун шарики боэътимод саҳми арзанда дорад.

Имкониятҳои мувофиқ, хизматрасонии босифат, дараҷаи баланди  тахассуси роҳбарият ва кормандони ширкат омили асосии ҳам пешравии коргоҳ  ва ҳам зиёд гаштани ҳамкорону мизоҷон мегардад.

Мавҷудияти  бештар   аз 100 корхонаю ташкилот ва муассисаҳои давлатию  хусусӣ, ҷамъятҳои саҳҳомию тиҷоратӣ бозгӯи он аст,ки  Ширкати таъминкунандаи сӯзишворӣ «Суғднефт» барои пешрафти иқтисодиёт, таъмини кишвар бо маводи сӯхт нақши муассир дорад.

Шоёни қайд аст,ки дар қатори мизоҷони доимӣ    Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Раёсати маорифи вилояти Суғд,  Маркази техникии телевизион ва радиои вилояти Суғд,  Бонки «Эсхата», ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ва ғайра буда, аз ҳамкорӣ бо «Суғднефт» онҳо ҳамеша қаноатманданд.

Барои сари вақт бо сӯзишворӣ таъмин намудани нақлиёти мизоҷон, аз байн бурдани амалиётҳои ба фаъолияти ронанда алоқаманд набуда аз ҷониби ширкат ба муштариён кортҳои махсус пешкаш карда мешавад. Ҳоло дар «Суғднефт» ду намуди корти пластикӣ,- «Ҷамшавӣ» ва «Сӯзишворӣ»  мавҷуд аст,ки  бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ хизмат менамояд. Барои ин бо корхонаю ташкилот ва муассисаҳои кишвар новобаста ба шакли моликият шартнома баста шуда, ронандагони ин корхонаҳо бо кортҳои пластикӣ бо  теъдоди дархостӣ таъмин карда мешаванд.

 Дар асоси шартномаи  басташуда, маблағи харидории маводи сӯзишвории нақлиётӣ,ки дар  шартнома пешбинӣ шудааст,  тавассути суратҳисоб ба суратҳисоби ширкат интиқол дода мешавад. Баъдан ин маблағ ба корти  ронандагони корхонаю муассисаи шартномабаста   гузаронида мешавад.

 Ҳангоми пешпардохти маблағи сӯзишворӣ, нархи он муайян гардида, то анҷоми имтиёз (лимит) сўзишворӣ новобаста аз болоравии нарх ё пастравии он бо ҳамон нархи шартномашуда фурўхта хоҳад шуд. Дар ҳолати и пешпардохт ба мизоҷ  то 2 % нарх  арзон карда  мешавад.