Скачать мобильное приложение СугдНефть
Загрузить с Google Play
Загрузить
Перейти на мобильную версию
Скачать мобильное приложение СугдНефть
Загрузить с AppStore
Загрузить
Перейти на мобильную версию
-->

Намуд ва имкониятҳои корт

Ширкати «Суғднефт» кортҳои зеринро ба монанди «ҷамъшавӣ»  ва «сўзишворӣ»-ро  ба мизоҷон пешниҳод менамояд.

Корти «ҷамъшавӣ»  5 сомонӣ  арзиш дошта, хусусияташ он аст, ки вақти хариди сўзишворӣ холҳо ҷамъ мешаванд.

Тартиби ҷамъшавии холҳо ва  харидорӣ намудани сўзишворӣ  чунин аст:

25 сомонӣ 50 сомонӣ 75 сомонӣ 100 сомонӣ
1 хол 2 хол 3 хол 4 хол
50 дирам 1 сомонӣ 1,5 сомонӣ 2 сомонӣ

1 хол =  бо 50 дирам

Корти ҷамъшавӣ ҳама вақт дар бозиҳои бурднок иштирок мекунад. Холҳои  ҷамъшударо дар вақти дилхоҳ  ҳангоми  харидории сўзишворӣ аз шабакаҳои  таъминоти сўзишвории «Суғднефт» истифода бурдан мумкин аст .

Дар ин ҳолат шартнома байни шахси воқеию ҳуқуқӣ баста шуда, маблағ тавассути суратҳисоб ба суратҳисоби ширкат интиқол дода мешавад. Баъдан ин маблағ ба корти мизоҷ  гузаронида мешавад.

Ҳамзамон имтиёзҳое (лимит) вуҷуд доранд, ки ба кортҳои сўзишворӣ гузаронида мешаванд. Яъне, маблағи муайян дар суратҳисоби кортӣ гузошта шуда, ҳар дафъа вақти  харидани сўзишворӣ маблағи он тибқи нархи дар пештахта навишта шуда, пардохта мешавад.  Ҳангоми пешпардохти маблағи сӯзишворӣ, нархи он муайян гардида, то анҷоми имтиёз (лимит) сўзишворӣ новобаста аз болоравии нарх ё пастравии он бо ҳамон нархи шартномашуда фурўхта хоҳад шуд. Дар ҳолати  пешпардохт ба мизоҷ  то 2 % нарх  арзон карда  мешавад.