Скачать мобильное приложение СугдНефть
Загрузить с Google Play
Загрузить
Перейти на мобильную версию
Скачать мобильное приложение СугдНефть
Загрузить с AppStore
Загрузить
Перейти на мобильную версию
-->

Гази моеъ:- гази табиӣ гуфта, моддаи газмонанди ғайримоеъро дар назар доранд, ки тавассути таҷҳизоти махсус аз қаъри замин кашида ба қубурҳо бо нуқтаи таъинотӣ  интиқол дода мешаванд. Аксар вақт гази табии анъанавӣ – метан аст.

 Ин намуди сўзишворӣ  вақти ҳосил кардан ва ба истеъмолкунанда расонидан ҳолати физики худро тағйир намедиҳад. Онро ба ғунҷоишҳои махсуси газнигоҳдорӣ  интиқол медиҳанд. Ба истеъмолкунанда бошад, тавре дар боло  зикр кардем, тавассути қубурҳои махсус дастрас мешавад.

Дар ин радиф боз як намуди газ- моеъ ҳаст, ки онро Liquefied Natural Gas номида мешавад.  Ба таври мухтасар бошад  онро  LNG меноманд.  Ҳамчунин зерои мафҳуми гази моеъ бояд гази табиеро   ки зери фишори баланд хунук карда мешавад, маънидод кардан мумкин аст.  Аммо, моҳиятан газим моеъ гази табиӣ  буда, онро то 162 дараҷа хунук мекунанд. То ин ки интиқол ва дар шакли моеъ нигоҳ дошта шавад. Қайд кардан зарур аст, ки ин гуна газ танҳо дар ғунҷоишҳои (резервуарҳои) изотермикӣ  нигоҳдорӣ мешаванд. Зеро, таркиби асосии он метан аст, ки ҳарорати зарурии нигоҳдориаш 83 дараҷа хунукист. Дар ҳолати регазификатсия, аниқтараш  ба ҳолати табии буғшакл овардан аз 1 мукаабметри он 600 мукаабметр гази табии ба даст овардан мумкин аст.

Фарқияти асосии газми моеъ аз табии дар он аст, ки вай сахт хунук мешавад ва қабл аз ба истеъмолкунанда дастрас кардан коркарди иловагиро талаб дорад. Аммо барои кашонидан қубур лозим нест. Ба ғайр ин чи  гуна газро қабл аз истифода бояд аз ғунҷоиш (баллон) кашида ва ё регазизатсия карда шавад. Гази табииро бошад, танҳо тақсим ва ба қубурҳо интиқол додан лозим аст. Зичии гази моеъ тақрибан дар мукаабметр 470 килограммро ташкил медиҳад. Аниқтараш нисбат ба ҳаво се карат сабуктар аст. Зичиаш бошад, аз об ҳам камтар аст. Бинобар ин ҳам дар ҳолати рехтанаш он дар сатҳи боло боқӣ мемонад.

Бензини АИ-92. Бензини навъи АИ-92 аз навъҳои паҳншуда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ин навъи сўзишворӣ дар муҳаррикҳои сўзишвориро пошдиҳанда (инжекторӣ) ва муҳаррикҳои карбюраторӣ истифода бурда мешавад. Исткеъмолкунандагони асосии ин навъи сўзишвории бензин моишнҳои сабукраванд. Ҳамчунин ин навъро дар сифати ҳалкунандаи моеъ истифода мебаранд.

                                                  Намудҳои бензини АИ-92

+Этилишуда (дар 1 литр бензин 0,015 грамм сурб мавҷуд аст);

+ Этилинашуда (дар1 литр бензин 0,013 грамм сурб мавҷуд аст);

Аз рўи хусусиятҳояш ин навъи сўзишвориро ба зимистонаву баҳорона низ ҷудо мекунанд.

                                                 Тавсифи бензини АИ-92

Тавсиф Нишондиҳандаи меъёрӣ
Рақами октанӣ бо роҳи тадқиқот 92
Рақами октании муҳаррик 83
Ҳарорати ҷўшиши оби муҳаррик Аз 33 то 205ºC
Теъдоди сурб дар 1 дм³ На зиёда аз 0,10 г (барои бензини этилинашуда)
Мавҷудияти сулфур Камтар аз 0,05%
Мавҷудияти манган 1 дм³ На зиёда аз 18 мг
Зичӣ(t 15 ºC) 725-780 кг/м³
Мавҷудияти мум 100 см³ На зиёда аз 5 мг

Дар таркиби бензини навъи АИ-92 таҳшинҳои зиддидетонатсионӣ низ шомиланд. Ҳарфи «И», ки дар навъи бензин оварда шудааст, маънои онро дорад, ки рақами октанӣ бо усули тадқиқотӣ ченак шудааст.  Бензини АИ-92 дар таснифоти аврупоии сўзишоврӣ ба категорияи 4-ум ворид шуда, ҷавобгў ба талаботи стандарти ЕВРО-4 аст. Хусусияти сўзишворӣ имкон медиҳад кори устувору мўътадили муҳаррикро дар ҳолати t то +60 дараҷа бе бухоршавӣ таъмин месозад. Ҳамчунин муҳаррикро дар ҳавои ҳарораташ -35 дараҷа хунукӣ низ ба кор даровардан мумкин аст.

Бензини АИ-95. Ин навъи бензин нисбат ба навъи АИ-92 дорои тавсифи хубтарест. Дар ин намуд рақами октанӣ назар ба навъи АИ-92 афзалтар аст. Ин хусусияти он имкон медиҳад онро муҳаррикҳои муосири пуриқтидор истифода бурда шаванд, ки ба меъёру талаботҳои    сатҳи ҷаҳонӣ ҷаовбгўй аст.

Бензини АИ-95 ба гурўҳи «Экстра» дохил шуда, таҳишнаш басо кам аст. Ин навъи бензин на танҳо дорои хусусияти баланди зиддидетонатикӣ, балки истифодаи он сарфи сўзишвориро кам иқтидори кашиш ва динамики онро афзун мсесозад. Навъи «Экстра»-ро барои рондани нақлиётҳои истеҳсоли хориҷа истифода кардан хубтар аст. Зеро, нақлиётҳои хориҷӣ   ба сифати сўзишворӣ талаботи сахт доранд.

 

                                                               Тавсифи бензини Аи-95

 

Тавсиф

Нишондиҳандаи меъёрӣ
Рақами октании бо усули тадқиқотӣ муайяншуда 95
Рақами октании муҳаррик 85
Ҳарорати ҷўшиши оби муҳаррик От 33 до 205ºC
Теъдоди сурб 1 дм³ Не более 0,10 г (для неэтилированного бензина)
Мавҷудияти сулфид Не более, чем 0,05%
Мавҷудияти манган 1 дм³ Без марганцевого антидетонатора содержание не определяется
Зичӣ (t 15 ºC) 725-780 кг/м³
Мавҷудияти мум  ба 100 см³ На зиёда аз 5 мг
Намуди зоҳирӣ Беранг, шаффофияташ аз ҳад баланд
Мавҷудияти бензол На зиёда аз 5%

Сўзишвории дизелӣ – маҳсулоти моеъ буда, чун сўзишворӣ дар муҳаррики дизели сўзиши дохилӣ истифода бурда мешавад. Ин намуди сўзишворӣ аз фраксияи керосинӣ газии интиқоли рости нафт истеҳсол мешавад. Сўзишвории дизелӣ омехтаи алканҳо, сиклоалканҳо ва сулфидҳои хушбў ва маҳсули онҳост. Массаи миёнаи молекулярии он 11—230, ҳарорати ҷўшишаш 170-380°C  мебошад.

 Ду намуди сўзишвории дизелӣ-заифчаспаки дистилятӣ барои нақлиётҳои тезгард ва сахтчаспаки таҳшиндор барои нақлиётҳои оромгард (трактор, киштӣ ва ғ.) мавҷуд аст. Якумӣ аз фраксияҳои тозашудаи керосинӣ- газии интиқолашон бевосита ва то 1/5 аз газойли каккренингу коксшаанда иборат аст. Дуюмӣ омехтаи мазут бо фраксияҳои керосинӣ-газойлӣ аст. Ҳарорати сўхти сўзишвории дизелӣ-рақами сетанӣ (Л-45) аст. Рақами сетанӣ қобилияти сўзишвориро ба алангагирӣ дар камераи сўхтани сўзишвориро тавсиф мекунад. Вай баробар бо мавҷудияти сетан дар омехта бо α-метинафталин аст, ки дар шароити меъёри  ASTM D613 алангаририи баробарро дар таққос бо сўзишвории тадқиқшуда дорад. Ҳарорати алангагирӣ, ки мутобиқ ба ASTM D93 муайян карда шудааст, барои сўзишвории дизелӣ набояд аз 70 °C. баланд бошад. Ҳарорати  интиқол бошад, мутобиқ ба ASTM D86 барои муҳаррикии дизелӣ на пасттар аз 200 ва на зиёда аз 350 °C. бошад.

                                                                           Хусусиятҳои физикӣ

 Сузишвории дизелии  тобистона: зичиаш на зиёда аз 860 кг/м. Ҳарорати алангагирӣ 62 °C. Ҳарорати хунукшавӣ −5 °C. Дар натиҷа фраксияҳои омехтаи рост интиқолдиҳанда ва бо усули гидрокӣ тозашудаву маҳсулоти дуюми сулфидӣ бо ҳарорати ҷўшиши 180-340°C ба даст меояд. Афзоиши ҳарорати охири ҷўшиш ба коксщавии пурзўри форсункаҳо ва дуднокӣ оварда мерасонад. Ҳамчунин сўзишвории зимистонаи дизелӣ аз сўзишвории тобистона бо иловаи таҳшинҳои депрессорӣ  ба даст меояд, ки ҳарорати хунукшавии сўзишвориро паст менамояд. Аммо, ҳарорати ниҳоии филтршавиро суст иваз менамояд. Бо усули «бобоӣ» ба сўзишвории тобистона то 20% керосини навъи «ТМ-1» ё «КО» илова мегардад. Дар баробари ин хусусиятҳои истифодашавии он амалан тағйир меёбанд.

Сўзишвории акртикии дизелӣ: Зичӣ на зиёда аз 830 кг/м³. Ҳарорати алангагирӣ 35 °C. Ҳарорати хунукшавӣ−50 °C.