Скачать мобильное приложение СугдНефть
Загрузить с Google Play
Загрузить
Перейти на мобильную версию
Скачать мобильное приложение СугдНефть
Загрузить с AppStore
Загрузить
Перейти на мобильную версию
-->

Назорати  доимии сифати  сӯзишворӣ ва мутобиқ  будани он ба талаботи имрӯза   яке   аз  самтҳои афзалиятноки  фаъолияти  ҶДММ «Суғднефт»  маҳсуб меёбад.

Барои ин дар ширкат  низоми муайяни муқаррар намудани сифати маводи сӯзишворӣ аз марҳилаи интихоб   барои харидорӣ то ба мизоҷон расидани он амал менамояд.

Қабл аз     интихоби фурӯшанда,-истеҳсолкунандаи маводи сӯхт   масъулини ширкат таҷрибаи корӣ ва таърихи пешрафт, ҳамчунин мавҷудияти тасдиқномаи  мақомоти дахлдори давлатиро доир ба  мутобиқати маҳсулоти сӯзишворӣ ба меъёру талаботи сифат месанҷанд.

Дар баробари ин барои нигоҳ доштани сифати баланди   сӯзишворӣ тамоми  марказҳои таъмини сӯзишвории ширкат бо зарфҳои нигоҳдории   маводи сӯхти зеризаминӣ ,ки ба талаботи нигоҳдории сифат, бехатарӣ ва интиқоли он ба нақлиёти мизоҷон  ҷавобгӯй аст,  пурра таъмин карда шудаст.

Барои эътимоднокӣ бошад, дар ҳар як семоҳа намунаи маҳсулот аз санҷиши сифати назорати стандарти  давлатӣ гузаронида шуда, ба ҳар як навъи   он сертификати сифат  гирифта мешавад.

Гузашта аз он  дар мавриди зарурӣ  ширкат  имкон дорад бо усули фаврӣ  санҷиши сифат гузаронида,  иҷроиши талаботи нигоҳдории маҳсулоти сӯзишвориро  муайян намояд.

Лозим ба ёдоварист,ки  таҷҳизоти  интиқолдиҳандаи сӯзишворӣ  ба нақлиёти автомобилӣ (калонка) бо воситаи  тозакунандаи  (филтрҳо)  сӯзишворӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд,ки он дар  ҳар  шаш моҳ  иваз карда мешавад.

Яъне Ширкати «Суғднефт»  аз марҳилаи интихоб, воридшавӣ ва то ба нақлиёти мизоҷон расидани маҳсулоти сӯзишворӣ  тамоми талаботу меъёр ва амалиётҳои лозимиро ба анҷом расонда, мекӯшад, ҳар як  мизоҷи ширкат аз фаъолияту хизматрасонии «Суғднефт» қаноатманд монад.