Скачать мобильное приложение СугдНефть
Загрузить с Google Play
Загрузить
Перейти на мобильную версию
Скачать мобильное приложение СугдНефть
Загрузить с AppStore
Загрузить
Перейти на мобильную версию
-->

Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Суғднефт» яке аз ширкатҳои бонуфузи кишвар буда, то имрӯз бо сифати хизматрасонӣ, таъмини саривақтии маводи сӯзишвории нақлиёти байни мизоҷон пазируфта шудааст. таъминкунандаи маводи сӯзишворӣ барои тамоми намуди нақлиёт ба ҳисоб меравад.

Шакли сохтории ширкати «ҶДММ Суғднефт» ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд аст. Ширкат 21 ноябри соли 2012 таъсис ёфта, фаъолияташ ба фурўши яклухту чаканаи маводи сўхту равғанҳои молиданӣ нигаронида шудааст. Муассиси ширкат Droform consulting limited (Syprus) мебошад. Барои таъмини мунтазами нақлиёти мизоҷон ширкат шароит ва имкониятҳои мусоид дошта, алҳол иқтидори нигоҳдории маҳсулоти база барои гази моеъ 2000 тонна, бензин навъи «АИ-92" — 2000 тонна, бензини навъи «АИ-95"-1000 тонна, бензини навъи «АИ-80" — 1000 тона, сўзишвории дизелӣ-2000 тонна мебошад.

Ширкат маҳсулоти сўзишвориро ҳам тариқи яклухт барои шарикони стансияҳои таъмини сўзишворӣ ва ҳам чакана тавассути стансияҳои таъмини сўзишвории худӣ ба фурўш бароварда, ният дорад, ҳаҷми фурўши маҳсулотро афзун созад. Маҳсулоти фурўхтамешудаи стансияҳои таъмини сўзишвории ҶДММ «Суғднефтегаз» ба меъёрҳои аврупоии «Евро-2», «Евро-3» ва «Евро-4» мутобиқ буда, дар асоси ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба фурўш бароварда мешаванд.

Идораи маъмурӣ ва макони нигоҳдории маводи сӯхт ва равғанҳои нақлиётӣ дар шаҳри Гулистон қарор дошта, 5 стансияҳои таъминоти сўзишвораш дар шаҳру ноҳияҳои вилоят- Конибодому Хуҷанд ва Б.Ғафуров амал мекунад. Ҳар стансия дорои аз 1 то 3 адад гўшакҳои сўшишворирезӣ бо се навъи бензин («АИ-80», «АИ-92» ва «АИ-95») ва як ду гўшаки сўзишворирезии дизелӣ аст.

Барои фароҳам овардани шароити мусоид ба мизоҷон Ширкати «Суғднефт» макони стансияҳои таъмини сўзишворирезӣ барои мизоҷон басо қулай-қади роҳҳои асосӣ ва шоҳроҳ интихоб намудааст.

Қобили зикр аст, ки шабакаҳои стансияи таъмини сўзишворирезӣ бо назардошти маҷмўи иловагии хизматрасониҳо-мағозаи фурўши маҳсулоти озуқаворӣ, нуқтаи мошиншўӣ, фурўши ќисмҳои эҳтиётӣ, нуқтаи ивазкунии равғани нақлиёт ва дорухона бунёд шудаанд.

Зеро мақсади асосии ширкат ин пешниҳоди якчанд намуди хизматрасонӣ барои соҳибони нақлиётҳои гуногун аст.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ бошад, аз ҷониби ширкат семинарҳои омӯзишӣ, тренингҳои махсуси соҳавӣ баргузор менамоял.

Ширкат ҳамчунин барои ҳавамандӣ ва боло бурдани самаранокии маҳсули меҳнат ба кормандон маҷмӯи имтизҳои иҷтимоиро пешниҳод менамояд.

ҶДММ «Суғднефт» соли равон ният дорад ба ҳайати сегонаи ширкатҳои пешқадамтарини фурўши маҳсулоти сўзишворӣ дар вилояти Суғд тавассути фурўши чаканаи маҳсулот дар 20 стансияҳои таъмини сўзишворӣ, ҳамчунин фурўши яклухти маҳсулоти сўзишворию равғанҳои молиданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шавад.