Скачать мобильное приложение СугдНефть
Загрузить с Google Play
Загрузить
Перейти на мобильную версию
Скачать мобильное приложение СугдНефть
Загрузить с AppStore
Загрузить
Перейти на мобильную версию
-->

Дар Маркази таъминоти сӯзишвории «Ёва"-и ширкати «Суғднефт» маросими супоридани тӯҳфаҳо ба ғолибони аксияи «Тӯҳфаборон» доир гардид.

Директори генералии ширкат Толибҷон Исроилов аз номи ширкат ғолибонро табрик намуда, ба онҳо 4G роутерҳо бо 30 Гб бастаи интернет ва 2 ГБ интернет бо суръати баланд дар лаҳзаи тантанавӣ тақдим намуд.

Аксия Ширкати «Суғднефт», ки дар соли ҷорӣ маротибаи шашум гузаронида шуд, аз санаи 1 то 31 октябри соли равон идома ёфта, дар он 3860 нафар мизоҷон ширкат намуданд.

Дар натиҷаи интихоби тасодуфии барномаи компютерӣ 125 нафар ғолиб имкони истифодаи 2 ГБ интернети суръати баландро пайдо намуда, ба 10 нафари ғолиб 4G роутер бо 30 Гб бастаи интернет тӯҳфа карда шуд.

«Суғднефт» бо мо бурд кардан осон аст!